Дар Истаравшан корҳои созандагиву ободонӣ вусъат мегиранд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, бо рафти сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ шинос гардид.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан беш аз 1000 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Бо ин шумора нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардида, корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳр бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст ва сокинон идома доранд.
Шаҳри бостонии Истаравшан дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз марказҳои ободу пешрафтаи кишвар табдил ёфта, дар ин давра садҳо бинои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд гардида, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нахуст аз рафти сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «Роҳи абрешим» боздид намуд. Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Мабдаи нур» бунёд шуда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад.
Бино аз 18 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва бо дарназардошти шароити маҳаллӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд мегардад. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ошёнаи 17-уми маҷмаа меҳмонхонаи замонавии чорситорадор бо 52 ҳуҷра ва 3 апартамент бо стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи болоӣ тарабхонаи замонавӣ барои 104 ҷойи нишаст ташкил карда мешавад.
Пас аз ба истифода додани маҷмаа то 250 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар идома роҳбари вилоят бо раванди бунёди корхонаи коркарди меваи хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзии ҶДММ «Кишмиши Истаравшан» шинос гардид. Корхона дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарҳалол ҷойгир буда, самти фаъолияти он коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва омода намудани он барои бозор мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулин масъалаҳои рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ниҳоӣ, пайдо намудани бозорҳои нави фурӯш ва истифодаи имкониятҳои содиротиро баррасӣ намуд.
Роҳбари вилоят ҳамчунин дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бо рафти сохтмони меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсолӣ шинос шуд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкор Солеҳ Азизов бунёд гардида, сохтмони меҳмонхона бо фарогирии 46 ҳуҷра, маркази хизматрасонӣ, сардхона ва коргоҳи кандакорӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, дар маҷмаа устохонаҳои ҳунармандӣ ва дигар иншооти зарурӣ ҷойгир хоҳанд шуд.
Дар таҳхона сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо ғунҷоиши 5 ҳазор тонна сохта мешавад. Иншоот ҳамчунин дорои устохонаи ҳунармандӣ ва меҳмонхона буда, барои қабули то 70 нафар меҳмон пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳри Истаравшан Раиси вилоят инчунин бо нақшаи кишти тирамоҳӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос гардид. Деҳқонону хоҷагидорон дастранҷи меҳнати худро, ки аз намудҳои гуногуни себ, ангур, донагиҳо, картошка, сабзӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иборат буданд, ба намоиш гузоштанд.
Соли равон деҳқонони шаҳр ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзиро ба даст оварда, бозорҳои вилоятро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда истодаанд. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва гузоштани заминаи устувор барои ҳосили соли оянда ба масъалаи кишти тирамоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Тибқи маълумот, дар шаҳри Истаравшан кишти тирамоҳӣ дар майдони беш аз 6 ҳазор гектар ба нақша гирифта шуда, то ин давра 59 фоизи нақша иҷро гардидааст. Ҳамзамон, дар майдони 4 ҳазору 215 гектар шудгори тирамоҳӣ анҷом дода шудааст.
Дар шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ Ҳайдар Бустонов ва собиқадори соҳаи сохтмон Ӯктам Ҷӯраев хабар гирифта, ба собиқадорони меҳнат барои саҳми арзандаашон дар пешрафти ҷомеа арзи сипос намуд ва ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд