Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, омӯзгорон ҳамчун машъалафрӯзи роҳи фардои насли ҷавон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат бархӯрдор мебошанд.
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, далели он аст, ки касби омӯзгорӣ пешаи пуршарафу пурифтихор буда, заҳмати омӯзгорон ҳамеша қадр карда мешавад.
Ба муносибати Рӯзи омӯзгорон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф хабар гирифт.
Зимни суҳбат бо собиқадори соҳаи маориф Мирзосаид Саидов таъкид гардид, ки омӯзгорон дар камолоти насли наврас саҳми арзанда гузошта, шогирдони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол мерасонанд.
Мирзосаид Саидов бо собиқаи қариб 50-солаи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон фаъолият дорад. Ба номбурда аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.
Галина Тимофеевна бошад соли 1959 дар вилояти Суғд ба дунё омада, умри бобаракати худро ба соҳаи маориф бахшидааст ва дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз саҳми собиқадорони меҳнат дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, изҳор дошт, ки таҷрибаи кору зиндагии чунин нафарони фидоӣ барои насли ҷавон намунаи ибрат мебошад. Таъкид гардид, ки хизматҳои шоён ва заҳматҳои пайвастаи собиқадорони меҳнат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадр карда мешаванд.
Зимни тақдими туҳфаҳои моливу пулӣ роҳбари вилоят ба ин собиқадори меҳнат саломатии бардавом ва дар фаъолияти меҳнатӣ комёбиҳои бештар орзу намуд.
Дар шаҳри Хуҷанд собиқадори соҳаи маориф Нурӣ Темирова низ мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифт. Номбурда беш аз 50 сол дар соҳаи маориф фаъолият намудааст.
Мунира Оқилова зимни дидорбинӣ аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар ҷомеа мақому мартабаи омӯзгор рӯз ба рӯз боло меравад. Ба гуфтаи ӯ, қадршиносии заҳмати собиқадорони меҳнат аз ҷониби давлату Ҳукумат дар ниҳоди мутахассисони ҷавон муҳаббат ба касби интихобкардаашонро бештар менамояд.
Раҷаб Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфта, аз номи Сарвари давлат ба онҳо туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим намуд.
Собиқадорони меҳнат барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдорӣ баён намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




