Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори корхонаи муштараки "Зарафшон"

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам рушд бахшидани соҳаи саноат, саҳми корхонаи муштараки “Зарафшон” дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент ва ҳадафҳои неку созанда таболу афкор намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар асоси супоришҳои Сарвари давлат ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Фаъолити босамари корхонаҳои азими саноатӣ, ба монанди корхонаи муштараки “Зарафшон” барои амалӣ гардидани нақшаҳои созанда мусоидат мекунад.
Давоми 8 моҳи соли раовн дар корхонаи муштараки “Зарафшон” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 211,1 миллион расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 689,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Нишондиҳандаҳои асосии корхона давоми 11 соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар баробари афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот шумораи кормандон, музди маоши онҳо низ зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаҳо далели он аст, ки роҳбарияти корхонаи муштараки “Зарафшон” дар заминаи дастгириҳои давлатӣ, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолият қарор дода, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузорад. Директори генералии корхонаи муштараки “Зарафшон” барои дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, илова намуд, ки корхона уҳдадориҳои худро дар самти рушд бахшидани соҳаи саноат таъмин намуда, дар оянда дар ободии шаҳри Панҷакент саҳми бештар мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд