3 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони сохторҳои дахлдор, падару модарони даъватшавандагон, афсарону сарбозон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан буда, дар ташаккули сифатҳои муҳими инсонӣ нақши муассир дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Дар бораи даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2026» дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои даъватӣ ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Қайд гардид, ки шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Истиқлол, Спитамен ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Чашмасор, Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ворух, Чоркўҳ, Хонобод, Шуроб, Нурафшони шаҳри Исфара, Патар, Лоҳутии шаҳри Конибодом, Саразм, Халифа Ҳасан, Воруи шаҳри Панҷакент, Ҳаёти Нав, Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ғончии ноҳияи Деваштич, Ҳамид Алиев, Ҷомии ноҳияи Зафаробод, Айнӣ, Рарз, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, Иван Тоҷики ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ва Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ аз ўҳдаи иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбаландӣ баромаданд. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон дар рӯзҳои нахустин дар миқёси вилоят 70 дарсад иҷро гардида, қабули шаҳрвандон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ шароити зарурии хизмативу маишӣ фароҳам оварда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати дастгирии сарбозон ва волидони онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Қайд карда шуд, ки ташрифи падару модарон ба қисмҳои ҳарбӣ ва шиносоии онҳо бо шароити хизмату зиндагии фарзандон солҳои охир ба анъана табдил ёфтааст. Минбаъд низ волидон барои дидорбинии сарбозоне, ки дар қисмҳои ҳарбии ҷануби кишвар хизмат мекунанд, сафарбар карда мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба даъватшавандагон ҷиҳати адои хизмати ҳарбӣ муваффақият орзу намуд.
Сипас, даъватшавандагон бо иҷрои анъанаи нонгазон зери навои суруду таронаҳои дилнишин бо наздикону пайвандони худ хушҳолӣ намуданд.
Пас аз тановули хуроки нисфирӯзӣ ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




