Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти ҶСП «ТАЛКО ГОЛД» мулоқот намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ҶСП «Талко Голд» Чжен Чжанву мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот фаъолияти кунунии ширкат, раванди истихроҷу коркарди маъдан, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва иҷрои уҳдадориҳои корхона мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат, бахусус саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар ин раванд корхонаҳои саноатӣ бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷуда дар афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва рушди иқтисодии вилоят саҳми назаррас доранд.
ҶСП «Талко Голд» аз ҷумлаи корхонаҳои бузурги саноатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, ба истихроҷ ва коркарди маъдан машғул мебошад. Дар корхона ғанисозии маъдан ба роҳ монда шуда, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии 847 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Суръати рушди истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130 фоизро ташкил медиҳад.
Дар корхона консентрати сурма, консентрати сурмаи тиллодор, консентрати тиллои сулфурдор, консентрати тилло ва метали №1 истеҳсол мешавад.
Ҳамзамон, моҳи июли соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлургии ширкат ба истифода дода шуд. Корхонаи нав бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он коркард ва истеҳсоли то 5 ҳазор тонна металли сурмаро ташкил медиҳад.
Ба истифода додани корхонаи металлургӣ барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи самараноки боигариҳои табиӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ тавсияҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд