Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо намояндаи Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой

1 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори иқтисодии Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой До Се Сон баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию саноатӣ, фаъолияти корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Хитой, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва иҷрои уҳдадориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат аз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Хитой, ки бар пояи шарикии стратегӣ рушд мекунанд, ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки маҳз дар заминаи сиёсати дурбинонаи сарони давлатҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт сол ба сол густариш ёфта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот афзоиш меёбад.
Дар вилояти Суғд як қатор корхонаҳои муштараки саноати кӯҳию металлургии Тоҷикистону Хитой фаъолият доранд, ки дар рушди соҳаи кӯҳкорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли металлҳои ранга ва қиматбаҳо, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои пурра коркард намудани консентрат ва ҷудо намудани тамоми намудҳои металлҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дар Корхонаи муштараки кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой ва корхонаи нави зертобеи он дар шаҳри Истиқлол баррасӣ шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба намояндаи Корхонаи кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой ҷиҳати иҷрои саривақтии уҳдадориҳои корхона, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба шартномаи ҳамкорӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд