1 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз муассисаҳои тиббии маркази вилоят боздид карда, бо вазъи омодагиҳо бо зимистонгузаронӣ шинос гардид.
Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзаму самарабахши соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон омодагии ҳамаҷониба ба фасли сармо ва саривақт захира намудани маводи зарурӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, раванди омодагӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.
Зимни боздид аз Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини гармии муассиса дар мавсими сармо захираи ангишт ва гази табиӣ омода карда шудааст. Бо ҷалби мутахассисон корҳои омодагӣ дар маркази гармидиҳӣ ба анҷом расида, фаъолияти дегхона бо истифода аз гази табиӣ ва ангишт ба роҳ монда шудааст.
Гуфта шуд, ки омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар муассиса тибқи нақша анҷом ёфта, маводи хӯрока, ангишт ва дигар лавозимоти зарурӣ захира гардидааст.
Раиси вилоят ҳамчунин бо шароити мавҷуда, имкониятҳои ташхису табобат, ҷарроҳӣ ва хизматрасонии тиббӣ дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят шинос шуд.
Ба иттилои масъулин, дар давоми як сол дар марказ 440 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, дар самти пешгирии бемориҳо низ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд. Ҷалби мутахассисони ҷавон, ки дар хориҷи кишвар таҷриба омӯхтаанд, аз тадбирҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ арзёбӣ гардид. Мутахассисони ҷавон имрӯз донишу таҷрибаи андӯхтаи худро дар хизмати солимии аҳолӣ истифода мебаранд.
Раҷаб Аҳмадзода барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ, истифодаи роҳу усулҳои нави ташхису табобат ва татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Раёсати тандурустии вилоят ва роҳбарияти муассиса дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Сипас, Раиси вилояти Суғд дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо шароити хизматрасонии тиббӣ, корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон шинос гардид.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самту соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, рушд намуда, дастовардҳо сол ба сол бештар мегарданд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо табибон ва масъулини соҳа бояд сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам баланд бардоранд.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои харидории доруворӣ, маводи хӯрока барои беморон, таъмиру навсозии шуъбаҳо ва харидории таҷҳизоти тиббӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.
Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд аз муассисаҳои бузурги соҳаи тандурустии вилоят ба ҳисоб рафта, барои фаъолияти муназзам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 омодагии ҳамаҷониба дидааст.
Дар баробари ин, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхона шуъбаҳои таъмирталаб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити фаъолият тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд.
Ҳадафи асосии ин тадбирҳо беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ, истифодаи роҳу усулҳои муосири ташхису табобат ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар муассиса ҳамчунин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ва ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд. Дар шароити рушди босуръати илму техника истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар маҷмӯъ, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилояти Суғд дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ситоди вилоятӣ ташкил гардида, раванди омодагӣ таҳти назорати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.
Дар ин давра ба масъалаҳои захираи ангишту ҳезум, омода намудани дегхонаҳо ва марказҳои гармидиҳӣ, таъмиру оинабандӣ намудани иншоот ва иҷрои дигар тадбирҳои зарурӣ таваҷҷуҳи махсус равона шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




