1 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П. Чехов боздид намуда, бо раванди омодагии муассисаи таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон шинос шуд.
Зимни боздид Раиси вилоят аз дегхонаи муассиса дидан карда, бо захираи ангишт ва ҳолати низоми гармидиҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид шуд, ки барои таъмини гармӣ дар давраи зимистон захираи зарурии сӯзишворӣ омода карда шудааст.
Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин аз раванди таълиму тарбия дар муассиса шинос шуда, дар дарси забони давлатӣ иштирок намуд ва бо хонандагон суҳбат кард. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки омӯзиши забони давлатӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар идомаи боздид Раиси вилоят аз китобхона, толори нави видеоконфронсӣ, ошхона ва ҳавзи шиноварӣ дидан намуда, бо шароити фароҳамгардида ва фаъолияти иншооти мазкур шинос шуд.
Раиси вилоят ба масъулини шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассиса ҷиҳати таълиму тарбияи наврасон ва азхудкунии касбу ҳунар тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




