Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид.

Зимни шиносоӣ ва иштирок дар маъракаи ҷамъоварии пахта ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии "Судҷа" - и ноҳияи Ашт соли ҷорӣ дар майдони 285 гектар пахта кишт намуда, нақша доранд, ки аз ҳар як гектар беш аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд.
Дар заминҳои хоҷагиҳо имсол навъҳои тухмии хушсифат ва серҳосили пахта кишт карда шудааст, ки аз ҷиҳати сари вақт пухта расидан ва ҳосилнокии баланд бартарии зиёд доранд.
Ҳоло дар хоҷагӣ наздик ба 50 нафар саҳмдор ба ҷамъоварии «тиллои сафед» машғул буда, талош доранд, ки ҳосили пахтаро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани Ватан супоранд.
Зимни супоридани туҳфаҳо ба чинакчиёни беҳтарин Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон дастур дод, ки ҳосили пухтарасида сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардида, барои иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми имкониятҳо сафарбар карда шаванд.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Ёдгорой Эшматова хабар гирифт.
Ёдгорой Эшматова беш аз 40 сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ соҳиби 6 фарзанд ва 35 набераю абера буда, имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот зиндагӣ дорад.
Ба собиқадори соҳаи маориф аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд