Табрики афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Имрӯз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз қисмҳом ҳарбии мустақар дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Зимни боздид меҳмонон бо шароити хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ шинос шуда, бо афсарону сарбозон суҳбат анҷом доданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода афсарону сарбозонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихӣ ва неъмати бебаҳо, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди тоҷик ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати ин рўйдоди муҳими таърих ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконият фароҳам омад, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги пурғановат ва иродаи созандаи мардум роҳи мустақили давлатдориро интихоб ва ҷойгоҳи шоистаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, заминаҳои устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тањкими давлатдорӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум таъмин гардид.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда ва мавқеи устувор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Зикр шуд, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи пурифтихори ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт афсарону сарбозон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ хизмати содиқона анҷом медиҳанд.
Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ буда, ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти ҷомеа вазифаи муқаддас ба шумор меравад.
Дар идомаи боздид ба афсарону сарбозон барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар ҳифзи суботу амнияти кишвар изҳори сипос карда шуда, ба онҳо саломатӣ, матонат ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу карда шуд.
Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд