Шиносоӣ бо ҷамъоварии картошка дар ноҳияи Деваштич

Ноҳияи Деваштич аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат ба ҳисоб рафта, кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо раванди ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш» таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд сол ба сол майдони кишти картошка васеъ гардида, ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Эргаш» дорои 10 гектар замин буда, кишоварзони таҷрибадори хоҷагӣ имсол дар заминҳои картошка кишткарда ният доранд аз ҳар гектар то 500 сентнер ҳосил ба даст оранд.
Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Деваштич дар майдони 9 ҳазору 196 гектар картошка кишт намудаанд. Дар назди онҳо вазифа гузошта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка то ба 320 ҳазор тонна расонида шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ноҳия беш аз 37 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Корҳои ҳосилғундорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзии ноҳия бо маром идома дошта, деҳқонон талош доранд, ки ҳосили парваришшударо сари вақт ҷамъоварӣ намуда, ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва кишоварзонро вазифадор намуд, ки барои истифодаи самараноки замин, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар солҳои минбаъда низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти маҳаллӣ ва ташаббуси сокинону соҳибкорон имкониятҳои мавҷудаи ноҳияи Деваштич барои рушди картошкапарварӣ бештар истифода гардида, майдони кишти ин зироат ва ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд