Бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Деваштич

Бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ ва бо назардошти имкониятҳои мусоиди истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот бунёд гардида истодааст.

Соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов тасмим гирифтааст, ки дар ноҳия корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро бунёд намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхона ба ташаббуси соҳибкор баҳои баланд дода, иброз дошт, ки бунёди чунин корхонаҳо дар рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузорад.
Корхона бо истифода аз технологияи муосири истеҳсолии Олмон бунёд шуда, имкон фароҳам меорад, ки аз меваю сабзавоти ватанӣ афшураҳои софи табиӣ бе иловаи шакар ва об истеҳсол карда шаванд.
Дар корхона истеҳсоли 30 намуд афшура ба роҳ монда шуда, маҳсулот дар ду шакл истеҳсол мегардад. Иқтидори умумии истеҳсолии корхона 2 ҳазору 700 литр маҳсулот дар як соатро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани заминаи устувор барои истеҳсоли маҳсулоти коркардшаванда дар масоҳати 5 гектар боғ бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар корхона моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, бо ҷалби техникаву механизмҳои зарурӣ ва мутахассисони маҳаллӣ бо суръат идома доранд. Айни замон дар корҳои сохтмонӣ 40 нафар сокинону мутахассисони маҳаллӣ фаъолият доранд.
Тибқи нақша, корхона дар ду марҳила ба фаъолият оғоз намуда, пас аз пурра ба кор даромадан то 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.
Бунёди чунин корхона дар ноҳияи Деваштич иқдоми муҳим дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд