Ба наврасони ятим ва аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Зафаробод аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон либосҳои мактабӣ тақдим карда шуд.
Дар маросими супоридани либосҳои мактабӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, наврасонро ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, бахусус ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад. Ҳамзамон, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсилу таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба наврасон саломатӣ, хониши хуб ва дар роҳи илму дониш комёбиҳои бештар орзу намуда, онҳоро ба истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида ва аз худ намудани донишҳои муосир ҳидоят кард.
Наврасон барои ғамхорӣ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқу арзандаи Ватан ба камол мерасанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




