Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба афсарону сарбозон табрик намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия боздид намуда, бо шароити хизмат ва фаъолияти афсарону сарбозон шинос шуд.

Раиси вилоят афсарону сарбозонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар саломатӣ, матонат ва муваффақият орзу намуд.
Қайд карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии давлат, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии қисмҳои ҳарбӣ ва беҳтар намудани шароити хизмат ва буду боши афсарону сарбозон тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Бо роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат барои хизматчиёни ҳарбӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ буда, садоқат ба савганди ҳарбӣ, Ватан ва халқи Тоҷикистон бояд ҳамеша дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид ба фаъолияти афсарону сарбозон баҳои баланд дода, барои хизматҳои содиқона ва саҳми онҳо дар таъмини амнияту суботи ҷомеа изҳори сипос намуд.
Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати нигоҳдории сатҳи зарурии омодагии хизматӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматрасонии афсарону сарбозон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд