Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади шиносоӣ бо рафти хизмат ва шароити будубоши афсарону сарбозон аз қисми ҳарбии 14356-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон аз таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва касбии хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки таҳкими Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ҳарбии хизматчиён, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби ҷасорат, масъулиятшиносӣ, интизом ва ватандӯстӣ буда, иҷрои содиқонаи вазифаи ҳарбӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди Ватан мебошад.
Дар идома Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз хобгоҳи афсарону сарбозон дидан карда, бо шароити хизмат ва имкониятҳои мавҷуда шинос шуд. Ба масъулин ҷиҳати нигоҳдории шароити мусоиди хизмат, таҳкими корҳои тарбиявию ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматчиёни ҳарбӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хизматчиёни ҳарбӣ барои таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмати худро содиқона идома медиҳанд.
Ба қисми ҳарбӣ маводи ғизоӣ аз қабили гӯшт, тухм, меваҷоту полезиҳо дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд