Истифодаи усулҳои муосири обёрӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта

Дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қушатов бо вазъи нашъунамои пахта шинос шуд.

Дар кооператив дар майдони 14 гектар пахта бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ кишт карда шуда, нашъунамои зироат хуб арзёбӣ мегардад. Истифодаи технологияи муосири обёрӣ имкон медиҳад, ки об самаранок истифода гардида, барои рушди хуби ниҳол заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Ба иттилои мутахассисон, бо дарназардошти вазъи нашъунамои пахта ва риояи саривақтии талаботи агротехникӣ, имсол аз ҳар гектар то 70 сентнерӣ ҳосил гирифтан имконпазир аст. Бо мақсади идомаи истифодаи технологияи каммасраф роҳбарияти кооператив тасмим гирифтааст, ки соли оянда майдони кишти пахтаро бо усули обёрии қатрагӣ то ба 100 гектар расонад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки рушди пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва самаранок истифода бурдани замин аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисон барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ, таъмини саривақтии об ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи васеи усулҳои пешрафтаи кишоварзӣ, аз ҷумла технологияҳои муосири обёрӣ, дар баробари сарфаи об барои афзоиши ҳосилнокӣ ва баланд бардоштани даромади хоҷагиҳои кишоварзӣ ва заминдорон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилоят ҳамчунин масъулини соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки замин, рушди соҳаи пахтакорӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд