Ба ифтихори ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои созандагию ободонӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, дар асоси нақшаи тарҳрезишуда дар баробари бунёди даҳҳо иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба таъмиру навсозии роҳу пул ва кӯчаю хиёбонҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Чуноне зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳо иттилоъ дода шуд, дар арафаи ин ҷашни таърихӣ васеъсозии роҳи мошингарди хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, ки бештар аз 5 километр аст, амалӣ карда мешавад. Ин тадбири муҳим дар асоси нақша бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардида, баъди анҷмои корҳо дар ду самт 6 хатти ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ пешбинӣ шудааст.
Пеш аз оғози мумфаршкунӣ бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ роҳи мазкур тахту ҳамвор гардида, инфрасохтори коммуналии зери иншоот, ба монанди қубурҳои ташноб пурра иваз карда шуд ва ҳоло коргарону муҳандисони ширкатҳои пудратӣ корҳои банақшагирифташударо бо сатҳу сифати баланд иҷро менамоянд.
Васеъсозии ин қисмати роҳ аз 6 то 18 метрро ташкил медиҳад.
Дар рӯзҳои наздик мумфарш намудани роҳ аз назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз мегардад.
Ҳамзамон ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои сокинону меҳмонон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, дар самти соҳили чапи дарёи Сир сохтмони роҳҳои пиёдгард низ идома дорад.
Роҳи пиёдагрд, ки қариб 5 километрро ташкил медиҳад, бо истифода аз сангҳои табиӣ сохта мешавад. То ин замон 80 фоизи корҳо иҷро шуда, масъулон нақша доранд, ки сохтмони роҳи пиёдагард то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра ба анҷом расад.
То ин замон дар соҳили рости дарёи Сир низ бо дарозии бештар аз 5 километр роҳҳои пиёдагард бунёд гардида, барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




