Санаи 12 август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҷамъомади тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар даромадгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастовардҳои соҳаи тандурустӣ шинос гардида, ба як қатор собиқадорони соҳа туҳфаҳо супорид.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дошта, бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори тиббӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, омода намудани кадрҳои соҳавӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои созанда дар вилояти Суғд низ соҳаи тандурустӣ рушд карда, заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ пайваста таҳким меёбад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои соҳаи тандурустии вилоят 615,4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Имрӯз дар муассисаҳои тиббии вилоят 30 ҳазору 473 нафар корманд фаъолият дошта, аз ин шумора 5 ҳазору 499 нафар табибон ва 18 ҳазору 997 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд. Нақши ин неруи бузурги касбӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ назаррас мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 532 адад таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ харидорӣ шудааст. Таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки ташхису табобати беморон дар сатҳи баландтар ба роҳ монда шуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии босифат беҳтар гардад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон таъмиру бунёди 106 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра як қатор иншооти муҳими соҳа мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 154 кат, Беморхонаи рақами 6-и деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо 40 кат ва бинои иловагии Маркази солимгардонии «Соҳил» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 100 кат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, таваллудхона ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Ворух, ду муассисаи хусусӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва як муассисаи хусусӣ дар шаҳри Хуҷанд, инчунин Беморхонаи минтақавии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ бо 20 кат мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, дар вилоят дар ин давра 19 бинои муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 15 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон, 37 иншооти соҳа таъмир гардида, дар 35 иншооти дигар корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд.
Айни замон дар вилояти Суғд 946 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаи госпиталӣ ва 810 сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, инчунин 295 муассисаи хусусӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Рушди беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ, бунёди иншооти нави соҳа дар шаҳру ноҳияҳо, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи кадрҳои соҳибкасб аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки дастовардҳои соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, кормандони соҳа вазифадоранд бо масъулияти баланди касбӣ, садоқат ба савганди табибӣ ва муносибати самимӣ ба мардум сатҳи хизматрасонии тиббиро боз ҳам баланд бардоранд.
Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Сайфуллозода аз номи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва хизматҳои шоиста қадрдонӣ гардиданд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо барномаи фарҳангии идона идома ёфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




