Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳия бо иштирокчиёни мусобиқа оид ба волейбол мулоқот намуд.
Зимни суҳбат роҳбари вилоят аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ёдовар шуд.
Айни замон дар муассисаи варзишӣ мусобиқаи кушоди волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор шуда истодааст.
Мусобиқа дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлол – 35 қуллаи варзишӣ» роҳандозӣ гардида, дар он дастаҳои варзишӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доранд.
Ҳадафи баргузории мусобиқаҳо рушди намудҳои гуногуни варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни дастаҳо, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани истеъдодҳои нави варзишӣ мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли чанде аз собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




