Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқӣ ва неругоҳи барқии офтобӣ шинос гардид.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки сохтмони зеристгоҳи барқӣ тибқи нақша идома дошта, татбиқи он ба беҳтар гардидани таъминоти барқ барои аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Неругоҳи барқии офтобӣ дар масоҳати 750 гектар бунёд гардида, барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ пешбинӣ шудааст. Лоиҳа бо истифода аз манбаи барқароршавандаи энергия амалӣ шуда, дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ ба коҳиши партовҳои гази карбон ба атмосфера низ мусоидат менамояд.
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ яке аз самтҳои муҳими рушди энергетикаи муосир ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва тавсеаи манбаъҳои энергияи сабз замина фароҳам месозад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ аҳамияти иқтисодӣ ва экологӣ дорад.
Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи талаботи техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида анҷом дода шуда, ба сифати корҳои иҷрошаванда ва истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар ноҳияи Ашт ба таҳкими инфрасохтори соҳа, афзоиши иқтидори истеҳсолии неруи барқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




