Бунёди осоишгоҳи нав дар мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт

Дар мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт, ки бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст, осоишгоҳи замонавӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси соҳибкор Истамой Мадалиева дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, барои қабули ҳамзамони то 200 нафар пешбинӣ шудааст.
11 август Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда дар осоишгоҳ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои табиии кӯли Аксикон дар ин ҷо барои табобат ва барқарорсозии саломатӣ шароити зарурӣ муҳайё шуда, таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидааст. Махсусан, хизматрасониҳои табобатӣ барои шахсони гирифтори бемориҳои буғумҳо, радикулит, остеохондроз ва баъзе бемориҳои системаи асаб ба роҳ монда мешаванд.
Дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунин бунёди боғу гулгаштҳо, иншооти хизматрасонӣ ва дигар мав нысоти зарурӣ пешбинӣ гардида, барои истироҳати бароҳати шаҳрвандон ва меҳмонон шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.
Бунёди чунин иншоот дар Аксикон имкон медиҳад, ки захираҳои табиии мавзеъ самаранок истифода шуда, иқтидори сайёҳии табобатии ноҳия афзоиш ёбад. Ҳамзамон, ҷалби сайёҳон ва меҳмонон ба ин гӯшаи зебои Ашт метавонад ба рушди хизматрасонӣ ва иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуд, ки ҳангоми ба истифода додани осоишгоҳ ба сифати хизматрасонӣ, сатҳи табобату истироҳат, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ободонии ҳудуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд