Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 70-солагии шаҳри Бӯстон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар фазои сулҳу ваҳдат ва шукргузорӣ аз озодиву соҳибистиқлолии кишвар дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Бӯстон ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи баланди фарҳангӣ роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони соҳаҳои гуногун, хизматчиёни давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр иштирок намуданд.
Ҷамъомадро раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳамаи ҳозирин ва сокинони сарбаланди шаҳрро ба ифтихори санаҳои бузурги таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон самимона таҳният гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки шаҳри Бӯстон дарвоқеъ бо ташаккулу рушди худ дар давоми 70 сол роҳи пуршараферо тай намудааст. Боиси ифтихор аст, ки бахусус дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии оқилона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳр куллан тағйир ёфта, ба як гӯшаи ободу зебо ва пешрафтаи саноатию фарҳангии кишвар мубаддал гаштааст.
Дар фазои идонаи чорабинӣ, саҳми арзандаи шахсони фаъол ва содиқ ба ватан қадрдонӣ карда шуд. Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, пешсафони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин занони фаъол, ҷавонони пешсаф ва намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳр медали ҷашнии "70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон-ро тақдим намуд.
Дар бахши дигари чорабиндӣ бахшида ба ин ду санаи муҳим муаррифӣ ва қадршиносии насли ҷавон ва истеъдодҳои ватандор сурат гирифт. Ба 35 нафар ғолибони озмунҳои шаҳрӣ, ки дар риштаҳои гуногун фаъолияти назаррас нишон дода буданд, ҷомҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд