Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои идона мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар машварат ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои марбут ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла ташкили роҳпаймоии умумихалқӣ ва гузашти низомӣ баррасӣ гардида, барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ баргузор намудани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо бояд вусъат дода шуда, кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо, роҳҳои автомобилгард ва канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тозаву озода нигоҳ дошта шаванд.
Ҳамзамон, ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои корҳои ободонӣ, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои идона ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Раҷаб Аҳмадзода масъулинро вазифадор намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд