Имрӯз, 10 августи соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи варзишгарон бо баргузории чорабинии тантанавӣ таҷлил гардида, ҳамзамон мусобиқаҳои варзишӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» аз рӯи 35 намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд расман оғоз шуд.
Чорабинии тантанавӣ дар Маҷмааи варзишии «Суғд Арена» бо иштироки варзишгарону мураббиён, собиқадорони соҳа, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷавонону донишҷӯён ва аҳли ҷомеа баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрик гуфта, таъкид намуд, ки рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи варзиш дар вилояти Суғд тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, заминаи моддию техникӣ таҳким ёфт ва барои тарбияи варзишгарони ҷавон имкониятҳои бештар фароҳам омаданд. Дар натиҷа, варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳимоя менамоянд.
Мусобиқаҳои варзишӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 қуллаи варзиш» аз рӯи 35 намуди варзиш баргузор гардида, дар онҳо дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳо рушди варзиши касбӣ, оммавигардонии варзиш, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар доираи чорабинӣ намоиш ва барномаҳои гуногуни варзишӣ баргузор шуда, варзишгарон маҳорати касбӣ, қувва, чолокӣ ва омодагии ҷисмонии худро нишон доданд.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ қадрдонии устодону мураббиён ва собиқадорони соҳа буд. Як қатор шахсоне, ки дар рушди варзиш ва тарбияи варзишгарони ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 35 намуд дар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, интизор меравад, ки дар онҳо варзишгарони ҷавон қувваозмоӣ намуда, истеъдодҳои нав кашф гарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




