Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дидорбинии собиқадорони меҳнат ва оилаи ниёзманд рафт.
Роҳбари вилоят ба манзили собиқадори соҳаи маориф Ҷамила Олимова, собиқадори соҳаи тандурустӣ Хотам Юсуфов ва оилаи Ҳолматовҳо ташриф оварда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки моддӣ расонид.
Зимни суҳбат Раиси вилоят таъкид кард, ки дастгириву ғамхорӣ нисбат ба собиқадорон, шахсони ниёзманд ва қишрҳои осебпазири ҷомеа аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Собиқадорони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ки солҳои зиёд барои рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврасу ҳифзи саломатии мардум саҳм гузоштаанд, барои таваҷҷуҳу қадршиносӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ даврони пириро бо шукргузорӣ сипарӣ менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




