Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» шинос гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» шинос шуда, ба шароити истироҳату фароғати кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар истироҳатгоҳ 60 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Барои онҳо тамоми шароити зарурии будубош, аз ҷумла хобгоҳҳои бароҳат, се вақт ғизои гарм, толорҳои машғулият, майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ муҳайё гардидааст.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулини муассиса ва истироҳаткунандагон таъкид намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сол аз сол имконияту шароити истироҳатгоҳҳо беҳтар гардида, барои ташкили истироҳати босифат ва рушди маънавию ҷисмонии кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ аз таъсисёбии истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» 15 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат муассиса садҳо нафар кӯдакону наврасон ва ҷавононро аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар давраи таътили тобистона, ба истироҳату фароғат фаро гирифтааст.
Имсол истироҳатгоҳ дар чор баст фаъолияти худро ба роҳ монда, дар маҷмӯъ 700 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавононро ба истироҳату фароғат ҷалб менамояд. Дар баробари истироҳат, барои иштирокчиён маҳфилҳои фарҳангӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва омӯзишӣ ташкил гардида, онҳо имконият меёбанд ҷаҳонбинӣ ва дониши худро васеъ намуда, дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро миёни ҳамсолони худ таҳким бахшанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илмҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.
Таъкид гардид, ки ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шумораи зиёди кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, хонандагони фаъол, ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд ба чунин истироҳатгоҳҳо сафарбар карда мешаванд.
Ғамхорӣ нисбат ба насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор рафта, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, истироҳати босифат ва ба камол расидани насли донишманду ватандӯст тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд