Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба 40 нафар хонандагони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар туҳфаҳои зарурӣ тақдим карда шуд.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо хонандагон онҳоро ба омӯзиши амиқи донишҳои замони муосир, азхуд намудани илму техника, соҳибкасб шудан ва худогоҳу ватандӯст будан ҳидоят намуда, таъкид кард, ки давлату Ҳукумат ҳамеша барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Қайд гардид, ки дастгирии ятимону бепарасторон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт корҳои назаррас амалӣ карда мешаванд.
Хонандагон аз чунин ғамхорӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




