Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ бо суръати баланд идома доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок дар оғози корҳои мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Гулчеҳра Аҳмадова ва Абдусамад Нормуродов дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз иқдоми сокинон истиқбол намуда, онро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ, ҳамдилӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан арзёбӣ кард.
Тибқи иттилои масъулин, бо ташаббуси аҳолӣ кӯчаҳои мазкур ба масофаи қариб 3 километр мумфарш карда мешаванд, ки барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт ва сокинон аҳамияти калон дорад.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҷмӯъ 101 километр роҳ мумфарш гардида, 35 километр роҳ таъмири ҷорӣ ва 57 километр роҳ шағалпӯш шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз саҳми арзишманди ҷавони ватандӯст, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҷӯрабек Азизхоҷаев низ ёдоварӣ шуд. Ӯ, ки айни замон дар Олмон фаъолият дорад, аз ҳисоби даромади шахсии худ барои мумфаршкунии роҳҳои маҳалли зисташ 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Ин иқдоми хайрхоҳона ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр аз ҷониби сокинон бо сипосгузорӣ истиқбол гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




