6 август зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ, ки дар назди кӯдакистони №13 бунёд гардида истодааст, аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ бо саҳми сокинон ва соҳибкорони ватандӯст тариқи ҳашар сохта шуда, аз таҳхона ва се ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур барои 1440 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои созандагиву ободонӣ бо суръати баланд идома доранд. Дар татбиқи ҳадафҳои созанда саҳми сокинон ва соҳибкорони ватандӯст назаррас буда, бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ маҳз бо дастгирии онҳо амалӣ мешавад.
Раиси вилоят ҳамчунин бо ҷараёни сохтмон ва таҷдиду навсозии бинои табобатию солимгардонии ҶДММ «Тибби Ҷаҳон» шинос гардид. Иншооти нави тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ҷойгир буда, барои 100 кат пешбинӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар рафти боздид таъкид карда шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ буда, татбиқи чунин лоиҳаҳо барои фароҳам овардани шароити муосири табобат ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




