Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо вазъи истироҳати наврасону кӯдакон дар осоишгоҳи "Шоҳин" шинос гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон боздид ба амал овард.

Зимни боздид роҳбари вилоят бо ҷараёни истироҳату фароғати кӯдакону наврасон шинос шуда, ба машғулиятҳои тарбиявию фароғатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Раиси вилоят ҳамчунин бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом дода, аз рафти таътили тобистона, шароити истироҳат, барномаи машғулиятҳои ҳаррӯза ва таассуроти онҳо пурсон шуд. Наврасон барои муҳайё гардидани шароити мусоиди истироҳату фароғат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки рӯзҳои таътили худро бо хотироти нек ва рӯҳияи болида сипарӣ мекунанд.
Зикр гардид, ки истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳили Баҳри Тоҷик ҷойгир буда, дорои тамоми шароити зарурии муосир барои истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон мебошад. Урдугоҳ аз 10 бино иборат буда, дар як баст имкони фарогирии беш аз 500 нафарро дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим намуд, ки боиси хушҳолӣ ва рӯҳбаландии онҳо гардид.
Сипас, роҳбари вилоят аз ошхонаи истироҳатгоҳ боздид намуда, бо раванди омода намудани ғизо, сифати хизматрасонӣ ва риояи талаботи беҳдоштӣ аз наздик шинос шуд. Ба масъулин ҷиҳати таъмини ғизои солим, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, риояи қатъии меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар истироҳатгоҳи «Шоҳин» Форуми байналмилалии фарҳангию маърифатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҷавонону наврасон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд