Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёду азнавсозии як қатор иншооти иҷтимоӣ шинос шуда, барои суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дорад. Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, тибқи лоиҳа аз таҳхона ва ҳашт ошёна иборат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон ба таври назаррас беҳтар хоҳанд шуд.
Сипас, Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оилаву кӯдак» ошно шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва нигоҳубини кӯдакон ба масъулин дастурҳои зарурӣ дод. Зикр шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин сохтмони Маркази тиббии «Насл» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар марказ бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ хизматрасонӣ ба роҳ монда шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Озмоишгоҳи марказ аз ҷумлаи муосиртарин озмоишгоҳҳои кишвар хоҳад шуд.
Зимни боздид аз Маркази савдо ва чойхонаи «Амид» таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Иттилоъ дода шуд, ки ширкати «Амид» ҳамзамон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» лоиҳаи навро амалӣ намуда, бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ истеҳсоли нӯшокиҳоро ба роҳ мемонад.
Раиси вилоят ҳамзамон бо корҳои барқарорсозӣ дар зиёратгоҳи Хоҷа Рӯшноӣ шинос гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳон аз вазифаҳои муҳими давр ба шумор меравад.
Дар самти рушди соҳаи маориф низ корҳои назаррас идома доранд. Дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистони хусусии «Ворисон» дар арафаи ба истифода супоридан қарор дошта, барои 160 хонанда ва 100 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон сохтмони бинои нави Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, бунёди бинои иловагии Гимназияи №4 ва сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 бо маром идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд соли 2026 бунёди 91 муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин 70 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз иншооти ҷашнӣ масъулинро вазифадор намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа дода, иншоотро дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоранд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи пойдор ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ сол аз сол вусъат ёфта, саҳми соҳибкорону сокинон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа беш аз пеш меафзояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




