Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо Ли Чонг

Сафари кории ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 12 то 18 июли соли равон бо ҳадафи муаррифии имкониятҳои иқтисодии вилоят ва ҷалби сармояи хориҷӣ анҷом дода шуд, натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст.

Дар посух ба сафари ҳайати вилояти Суғд ба Чин директори ширкати «Баолонг Интернешнл Форест Гуардс»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чонг бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо Раиси вилоят мулоқот анҷом дод.
Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ҳамаҷониба ба ҳам мепайванданд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодиву сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими саноативу кишоварзии мамлакат барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ имкониятҳои фаровон дорад. Аз ҷумла, рушди соҳаи моҳипарварӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии вилоят буда, шароити мусоиди иқлимӣ, захираҳои обӣ ва таҷрибаи мавҷуда имконият медиҳанд, ки истеҳсоли моҳии хушсифат афзоиш ёфта, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва содироти маҳсулот бештар гардад.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои бунёди ҳавзҳои нави моҳипарварӣ, таъсиси коргоҳи истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва роҳандозии хатти истеҳсоли консерва аз гӯшти моҳӣ дар шакли кластер мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ли Чонг зимни суҳбат изҳор дошт, ки пас аз омӯзиши иқлим, захираҳои обӣ ва имкониятҳои табиии минтақа, вилояти Суғд барои рушди соҳаи моҳипарварӣ яке аз беҳтарин мавзеъҳо арзёбӣ гардид. Ба гуфтаи ӯ, тибқи созишномаҳои дар шаҳри Шанхай баимзорасида, дар марҳилаи аввал ҳавзҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 50 гектар бунёд шуда, дар марҳилаи баъдӣ масоҳати онҳо то 100 гектар васеъ карда мешавад.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар баробари бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ, коргоҳи истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва корхонаи истеҳсоли консерва аз гӯшти моҳӣ низ таъсис дода шуда, тамоми занҷираи истеҳсолӣ дар доираи як кластер ба роҳ монда шавад.
Зикр гардид, ки имрӯз дар вилояти Суғд даҳҳо хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҳавзҳои моҳипарварӣ бунёд шудааст. Амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таҳкими иқтидори содиротии вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд