Ноҳияи Спитамен ҳамчун яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Суғд дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррас дорад.
Зимни сафари корӣ ба ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳолати нашъунамои пахта, рафти иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва фаъолияти кишоварзон шинос шуд.
Дар ҷараёни шиносоӣ роҳбари вилоят ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, обёрии саривақтӣ ва нигоҳубини босифати майдонҳои пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки рушди пахтакорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти аграрии вилоят барои афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом аҳамияти калон дорад.
Кишоварзон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки барои иҷрои пурраи нақшаи истеҳсоли пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон дастур дод, ки назорати доимиро дар самти парвариши пахта, обёрӣ, ғизодиҳӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасон пурзӯр намуда, ҳамзамон иҷрои нақшаи кишти такрориро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд. Зикр гардид, ки танҳо бо ташкили дурусти корҳои саҳроӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин метавон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дода, дар таҳкими амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошт.
Соли 2026 дар ноҳияи Спитамен кишти такрорӣ дар масоҳати 1704 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 550 гектар барои парвариши полезӣ ҷудо гардида, инчунин дар 240 гектар сабзавот, аз қабили карам, сабзӣ, турб ва шалғам кишт шудааст.
Роҳбари вилоят зимни боздид таъкид кард, ки истифодаи босамари заминҳои корам баъди ҷамъоварии ҳосили аввал яке аз роҳҳои муҳими зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Ба масъулон супориш дода шуд, ки таъминот бо оби полезӣ, нуриҳои минералӣ ва иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ зери назорати доимӣ қарор дода шавад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Замира Шарифова ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдураҳим Қаҳҳоров хабар гирифт.
Замира Шарифова беш аз 30 сол дар соҳаи маориф фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст. Абдураҳим Қаҳҳоров бошад, аз зумраи кишоварзони соҳибтаҷриба буда, солҳои зиёд барои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия хизмат кардааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




