Дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Бибихон Азизова оғоз бахшида шуд.
Дар доираи ин иқдом роҳи мазкур ба масофаи 2 километр мумфаршмешавад, ки ба беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни оғози корҳои мумфаршкунӣ таъкид намуд, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифтааст.
Зикр гардид, ки дар шаҳр сохтмон ва навсозии иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳим бо маром идома дошта, барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилоят аз сокинон ва фаъолони шаҳр барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳар як иқдоми созанда ба хотири пешрафти Ватан ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.
Сокинони маҳаллӣ аз оғози мумфаршкунии кӯча изҳори қаноатмандӣ намуда, ин иқдомро туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




