Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом як қатор корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигари саноатӣ низ бо суръат идома доранд.
Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони корхонаи истеҳсоли асфалти гарми ҶДММ «Самиев-5» шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 60 тонна асфалти гармро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандартҳои роҳсозӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар тавозуни ҶДММ «Самиев-5» чор техникаи мумфаршкунӣ мавҷуд буда, бо истифода аз онҳо корҳои таъмиру асфалтпӯшии роҳҳо дар сатҳи баланд анҷом дода мешаванд.
Раиси вилоят инчунин аз ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶДММ «Бодом» боздид намуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои корхонаҳои металлургӣ, аз ҷумла ҷузъҳои оҳанӣ ва агрегатҳои обкашӣ, равона гардида, бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.
Тибқи иттилои масъулон, корхона бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, фаъолияти он дар се марҳила ба роҳ монда мешавад. Айни замон марҳилаи аввал оғоз ёфта, истеҳсоли 30 номгӯи маҳсулот роҳандозӣ шудааст. Бо пурра ба фаъолият оғоз намудани корхона то 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин масъулони ҶДММ «Бодом» нақша доранд дар оянда корхонаи истеҳсоли қандро таъсис диҳанд, ки чунин иқдом бори аввал дар шаҳри Конибодом амалӣ хоҳад гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иқдоми соҳибкоронро намунаи равшани татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҳадафҳои муҳими рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи тандурустӣ Матлуба Иброҳимова хабар гирифта, ба ӯ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ, рӯзгори обод ва умри дароз орзу намуд.
Зикр гардид, ки Матлуба Иброҳимова беш аз 48 сол дар соҳаи тандурустӣ фаъолият намуда, дар ҳифзи солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамчунин Муаззам Ҳамроқулова низ мавриди ғамхорӣ қарор гирифта, ба ҳар ду нафар аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




