Дар Конибодом бунёди 9 муассисаи таълимӣ идома дорад

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сохтмони 9 муассисаи таълимӣ бо маром идома дорад.

30 июл дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сохтмони як қатор иншооти соҳаи маориф шинос шуд.
Нахуст роҳбари вилоят дар деҳаи Ниёзбеки деҳоти Куҳандиёр бо корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бино мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, кабинетҳои фаннӣ, утоқҳои кории омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар ҳамин деҳа бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нисо Зокирова кӯдакистони замонавӣ низ бунёд шуда истодааст. Муассиса аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, имкони фарогирии 240 нафар кӯдакро дорад. Бунёди чунин муассиса барои баланд бардоштани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва тарбияи насли босаводу донишманд мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон Раиси вилоят аз раванди навсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дидан кард. Соҳибкори маҳаллӣ Кимё Азизова тасмим гирифтааст муассисаро аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ пурра таъмиру таҷдид намуда, 7 синфхонаи иловагӣ ва майдончаи варзишӣ бунёд созад. Инчунин муассиса бо мизу курсӣ ва аёниятҳои таълимӣ пурра таъмин хоҳад шуд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки бо амалисозии чунин ташаббусҳо шароити таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар рӯ ба рӯи муассисаи мазкур сокинон бо роҳи ҳашар кӯдакистонеро барои 120 нафар бунёд намуда истодаанд, ки боз як намунаи саҳмгузории аҳолӣ дар корҳои созандагӣ мебошад.
Дар деҳаи Ғалчамулло низ соҳибкор Сами Сулаймонов кӯдакистони замонавиро барои 240 нафар кӯдак бунёд карда истодааст. Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мегардад.
Ҳамчунин оилаи Бобоҷоновҳо дар шаҳри Конибодом кӯдакистони ба номи Назир Бобоҷоновро бунёд менамояд. Муассиса дорои 7 гурӯҳи синнусолӣ буда, барои қабули кӯдакони аз якунимсола то шашсола пешбинӣ шудааст.
Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки саҳми соҳибкорон ва сокинони ватандӯст дар рушди соҳаи маориф шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд