Шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ дар Конибодом

30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо рафти корҳои саҳроӣ дар Конибодом шинос гардид.

Аснои боздид аз хоҷагии деҳқонии «Беҳрӯз» иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ дар майдони 1949 гектар ба роҳ монда шуда, деҳқонон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, ташкили кишти такрорӣ, парваришу нигоҳубини пахта, гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти босифати кишоварзӣ аз вазифаҳои муҳими соҳа ба шумор меравад.
Ба масъулини соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ супориш дода шуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда, майдони кишти такрориро васеъ намоянд, обёрӣ ва корҳои агротехникиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза тадбирҳои муассир андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд