Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

30 июли соли 2026 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ ба кормандони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкориҳои судманду инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят изҳори сипос намуда, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар 6 моҳи соли 2026 маълумот дод.
Тавре таъкид карда шуд, бо сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз барои рушди устувори ҳамаи минтақаҳои мамлакат заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолияти худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят равона намуд.
Нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои вилояти Суғд аз лиҳози вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, рушди соҳаҳо саноату кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум давраи пурсамар ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи ҳамкории самарабахши мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони вилоят дар аксари самтҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омада, иқтидори иқтисодии вилоят боз ҳам таҳким ёфт.
Давоми 6 моҳи соли 2026 дар вилоят ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 111,2 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 1334 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 266 номгўй расонида шуд. Тибқи нақша дар соли 2026 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2026 дар миқёси вилоят 66 корхонаву коргоҳи нав бо 496 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 4 миллиард сомонӣ ва растанипарварӣ 3,3 миллиард сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 117,3 ва 102,5 фоизро дар бар гирифт.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ дар масоҳати 235 ҳазор гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 118 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 41,5 ҳазор тонна, картошка 62,7 ҳазор тонна, полезӣ 16,6 ҳазор тонна, мевагиҳо 77,8 ҳазор тонна, аз ҷумла зардолу 57,3 ҳазор тонна, зироатҳои хўроки чорво 95,5 ҳазор воҳиди хўрока истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 116,8 фоиз, аз ҷумла пиёз 112,1 фоиз, картошка 107,3 фоиз, полезиҳо 1,6 баробар ва зироатҳои хўроки чорво 110,0 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 46 ҳазор тонна, аз ҷумла гўшти паранда 11, ҳазор тонна, моҳӣ 491,1 тонна, шир 193 ҳазор тонна, тухм 460,1 миллион дона, асал 204,6 тонна ва пашм 1442,5 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли гўшти чорвою паранда 125,2 фоиз, аз ҷумла гўшти паранда 114,7 фоиз, моҳӣ 109,7 фоиз, шир 114,1 фоиз, асал 100,2 фоиз ва пашм 100,9 фоиз таъмин шудааст.
Ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 463,1 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 439,4 гектар боғ ва 23,6 гектар токзори нав бунёд карда шудааст. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 826,1 гектар, аз ҷумла 779,4 гектар боғ ва 46,7 гектар токзори кўҳна гузаронида шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои муассирро амалӣ намуд.
Дар асоси қарорҳои Раиси вилояти Суғд аз 11 феврали соли 2022, №41 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 14 декабри соли 2022, №458 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ бунёд, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун пешбинӣ гардида буд. Бо шарофати меҳнати аҳлонаи сокинон, саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ин нақша пеш аз муҳлат иҷро гардид. Дар солҳои 2022-2025 ва шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 14 ҳазору 355 иншоот ба анҷом расонида шуд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 3000 иншооти иловагӣ идома дошта, онҳо низ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 62,9 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 146,4 фоизро ташкил намудааст.
Дар ин муддат ба маблағи 726,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 139,3 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли 2026 ба 12 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 115,9 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,8 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 2,3 миллиард сомонӣ ё 81,1 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакиро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба 2,7 миллиард доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 135,2 фоиз таъмин гардид.
Воридоти маҳсулот ба вилоят дар ин давра 1,7 миллиард долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 432,7 миллион доллар ё 33,9 фоиз афзудааст. Ҳаҷми содирот 1 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 273 миллион доллар ё 37,5 фоиз зиёд шудааст.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, тибқи маълумоти пешаки ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 585,8 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли қаблӣ 103,6 фоиз зиёд мебошад.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 105,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3,7 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 197,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар 6 моҳи соли 2026 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 873,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 937 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 107,2 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2 миллиарду 568,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 98,7 фоизи нақша мебошад.
Соли таҳсили 2025-2026 дар вилоят 966 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 593 ҳазор нафар ба таълиму тарбия фаъолият намуданд. Нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 шумораи муассисаҳои таълимӣ 4 адад ва шумораи хонандагон 15 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Дар вилоят 946 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 810 муассисаи сохтори КАТС фаъолият доранд. Илова бар ин, 295 муассисаи тиббии хусусӣ ба фаъолияти тиббӣ машғул мебошанд.
Дар вилоят шумораи иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият, ба 3 ҳазору 64 адад расонида шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 50 варзишгоҳ, 2 ҳазору 116 майдончаи варзишӣ, 675 толори варзишӣ, 45 ҳавзи шиноварӣ, 178 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмўъ, 42 иншооти варзишӣ, аз ин 11 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 1 иншооти махсуси варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 59 миллион 957,4 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ба маблағи 18 миллион 624,6 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар вилоят дар ин давра корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 42 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ — Шўрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 210 хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 1 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 4 лагер, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо 7500 ҷой, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ, 24 боғи фарҳангию фароғатӣ ва зиёда аз 2500 нуқтаи хўроки умумӣ, аз қабили қаҳвахона, ошхона ва чойхона фаъолият мебаранд.
Сипас, роҳбари вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон, ки ба тавсеаи иқтидори саноатӣ, ҷалби сармоя, мумфаршкунии роҳҳо, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, омодасозии либосҳои мактабӣ, назорати сохтмони биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёна, фаъолияти майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёна, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, саҳми минтқаи озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноат марбут буд, посух дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд