Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки ҳамасола 30 июл таҷлил мегардад, кормандони ин ниҳодро бо иди касбиашон табрик намуд.
Таъкид гардид, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ буда, дар ҳифзи ҷони шаҳрвандон, молу мулки онҳо ва таъмини амнияти иншооти муҳими давлатӣ нақши муассир дорад. Кормандони ин ниҳод шабонарӯзӣ омодаи иҷрои вазифа буда, новобаста аз гармию сармо, шабу рӯз ва рӯзҳои истироҳат бо ҳисси баланди масъулият ва шуҷоат барои пешгирӣ ва бартараф намудани сӯхторҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода хизмат мекунанд.
Дар фарҷоми табрикот Раҷаб Аҳмадзода ба тамоми кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд барору муваффақият, саломатии бардавом ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон комёбиҳои бештар таманно намуд.
Ба Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд панҷ адад мошини махсуси хизматӣ тӯҳфа карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




