Дар Истаравшан бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, дар бахшҳои саноат, маориф, хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ даҳҳо иншооти нав бунёд гардида истодаанд.

29 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ шинос шуда, ба масъулон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва сари вақт мавриди истифода қарор додани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар сиёсати иқтисодии давлат рушди саноат яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам гардидани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар шаҳри Истаравшан низ сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ вусъат гирифтааст.
Аз ҷумла, аз ҷониби ҶДММ «Адл» сохтмони коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ идома дошта, иншоот дар масоҳати 3000 метри мураббаъ бунёд мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхона барои истеҳсоли бозичаҳои бачагона истифода гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он то 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд.
Раиси вилоят инчунин бо ҷараёни сохтмони коргоҳи коркард ва бастубандии мавиз дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Коргоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, маҳсулоти он пас аз коркард ва бастубандӣ ба бозорҳои хориҷӣ содирот хоҳад шуд. Бо назардошти он ки Истаравшан яке аз минтақаҳои асосии ангурпарварии кишвар мебошад, ба фаъолият оғоз намудани чунин корхона имконият медиҳад, ки арзиши иловагии маҳсулот афзоиш ёфта, ҳаҷми содирот ва шумораи ҷойҳои нави корӣ бештар гардад.
Дар баробари рушди истеҳсолот, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан таъкид намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои миллӣ эҳё гардида, барои соҳибкасб гардидани ҷавонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё шудааст.
Тибқи иттилои масъулон, айни замон дар коллеҷи мазкур зиёда аз 600 нафар ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, маҳсулоти ҳунармандони муассиса то имрӯз дар намоишгоҳҳои зиёда аз 40 давлати дуру наздик муаррифӣ шудааст. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим ва истеҳсолот дар назди коллеҷ устохона-озмоишгоҳи замонавӣ иборат аз 26 ҳуҷраи корӣ сохта шуда истодааст.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр боздид намуд. Зикр гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан 51 иншооти соҳаи маориф бунёд ва таъмиру азнавсозӣ мешавад.
Аз ҷумла, бо ташаббуси соҳибкор Исфандиёр Ӯрунбоев бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Лакат пурра таъмир гардида, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар шаҳраки Истаравшан сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 барои 760 хонанда, дар деҳаи Болғалӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 барои 1440 хонанда ва кӯдакистон барои 120 кӯдак идома дорад. Ин иншоот асосан бо саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст бунёд гардида, барои беҳтар гардидани шароити таҳсил ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ бояд то оғози соли нави таҳсил анҷом ёфта, муассисаҳо бо тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор гиранд.
Дар шаҳри Истаравшан ҳамзамон сохтмони як қатор иншооти хизматрасонӣ ва биноҳо бо суръат идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо кӯдакистони хусусӣ, марказҳои ташхисию табобатӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин маҷмааи варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ идома дошта, баъди мавриди истифода қарор гирифтани онҳо садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Дар маркази шаҳр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «Роҳи абрешим», ки аз ҷониби ҶДММ «Мабдаи нур» бунёд мегардад, шинос шуд. Бинои 18-ошёна тибқи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ сохта шуда, дорои таваққуфгоҳ барои 100 нақлиёт, гипермаркет, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, маркази варзишию солимгардонӣ, ҳаммомҳои замонавӣ, тарабхона ва 116 хонаи истиқоматӣ мебошад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаа то 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин, дар шаҳр аз ҷониби соҳибкор Усто Солеҳ сохтмони устохонаи кандакорӣ ва меҳмонхона идома дошта, иншооти ҳафтошёна дорои устохонаҳои ҳунармандӣ ва меҳмонхона барои 70 нафар мебошад. Ҷойгиршавии иншоот дар шафати роҳи байналмилалии Душанбе – Бӯстон – Чаноқ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Дар бахши кишоварзӣ низ ба истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Раиси вилоят зимни мулоқот бо кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Бобо Ашурбой» таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи замин ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони соҳаи кишоварзӣ — Ғанӣ Ҷумъаеви 97-сола ва Хосият Эшонқуловаи 77-сола хабар гирифта, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим кард. Зикр гардид, ки саҳми чунин шахсиятҳои меҳнатқарин дар рушди кишоварзии кишвар арзишманд буда, қадршиносии онҳо нишонаи эҳтиром ба заҳмати содиқонаи наслҳои калонсол мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд