Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва сатҳи омодагии сохторҳои масъул таҳлил карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла паради ҳарбӣ, роҳпаймоии умумихалқӣ ва дигар барномаҳои идона ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ, роҳбарони сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки омодагиро ҷоннок намуда, барои ташкили босифату саривақтии тамоми чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки даҳаи дуюми моҳи август дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор мешавад. Дар ин замина ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бо омодагии ҳамаҷониба ва пешниҳоди барномаҳои пурмуҳтаво вилояти Суғдро дар сатҳи арзанда муаррифӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




