Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар вилояти Суғд ба ҳифзу эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо раванди корҳои барқарорсозӣ дар зиёратгоҳи Хоҷа Рӯшноӣ шинос шуда, зарурати ҳифзу эҳёи мероси таърихӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон ва муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихиро таъкид кард.
Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо олимону бостоншиносон дигар ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои вилоят низ марҳила ба марҳила барқарор ва навсозӣ мешаванд.
Дар идомаи боздид роҳбари вилоят ҷараёни корҳои сохтмонии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки боғ дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Раиси вилоят дастур дод, ки ҳангоми бунёди иншоот тамоми инфрасохтори зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон пешбинӣ карда шавад.
Ҳамчунин Раҷаб Аҳмадзода аз рафти корҳои ободонӣ дар боғи «Ғалаба» ва сохтмони бинои нави Академияи футбол дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайян ба истифода супоридани иншоот ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мегарданд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мардум ва рушди минбаъдаи маркази вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




