Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхона маҳсулоти худро бо бренди «Мерси Боку» ба бозор пешниҳод намуда, бо назардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳамасола номгӯй ва ҳаҷми истеҳсолотро зиёд менамояд.

Меваву сабзавот барои коркард аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои кишвар тибқи шартнома дастрас гардида, аз онҳо маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ истеҳсол мешавад.
Дар корхона зиёда аз 60 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла афшура, шарбат, нӯшокиҳои ташнашикан ва сабзавоти консервшуда истеҳсол гардида, наздики 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Барои истеҳсоли маҳсулоти махсуси кӯдакон ва наврасон низ сехи алоҳида фаъолият дошта, дар он аз меваю сабзавоти ватании сервитамин афшура ва шарбатҳои хушсифат омода карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон корхона дар як шабонарӯз то 10 тонна меваю сабзавотро қабул ва коркард намуда, маҳсулоти тайёр истеҳсол мекунад. Маҳсулоти корхона бо бренди «Мерси Боку» ба ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот карда мешавад.
Раиси вилоят ба масъулини корхона ҷиҳати зиёд намудани номгӯй ва ҳаҷми истеҳсолот, риояи қатъии стандартҳои сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ дастуру супоришҳо дод.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҶДММ «Сирдарё» дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди корхонаи нави истеҳсолиро оғоз намудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи нав дар масоҳати 3500 метри мураббаъ сохта шуда, корҳои асосии сохтмон ба анҷом расидааст. Таҷҳизоти муосири истеҳсолии автоматикунонидашуда аз Аврупо ворид гардида, айни ҳол корҳои насби он идома доранд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав истеҳсоли маҳсулот дар қуттиҳои коғазии тетрапак ба роҳ монда шуда, 10 ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт. Ин иқдом барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тавсеаи содирот ва рушди минбаъдаи саноати вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд