Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои азнавсозии хатти ташноб дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани низоми корез ва мутобиқ намудани он ба талаботи имрӯза амалӣ гардида, дар доираи он қубурҳои кӯҳнаи қутрашон 300 миллиметрӣ ба қубурҳои нави қутрашон 800 миллиметрӣ иваз карда мешаванд.
Дарозии умумии хатти ивазшаванда 2200 метрро ташкил дода, то имрӯз наздики 1800 метри он пурра иҷро гардидааст. Корҳои боқимонда бо ҷалби техникаву мутахассисон тибқи нақша идома дошта, дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешаванд.
Зимни боздид Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи стандартҳои техникӣ, суръат бахшидани иҷрои корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки навсозии шабакаҳои муҳандисӣ дар баробари ободонии роҳу кӯчаҳо яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани хизматрасонии коммуналӣ мусоидат хоҳад кард.
Тибқи нақша дар назар аст, ки давоми солҳои 2026-2027 дар шаҳри Хуҷанд 17 км хати ташноб навсозӣ карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




