Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ободониву созандагӣ дар як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Нахуст роҳбари вилоят бо корҳои сохтмонии бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, тибқи лоиҳа аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат мебошад. Таъкид гардид, ки бунёди бинои нави замонавӣ имкониятҳои муассисаро густариш дода, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ба корҳои сохтмонӣ вусъат бахшида, иншоотро дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супоранд.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оилаву кӯдак» боздид намуд. Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои тарбиятгирандагон ва кормандони марказ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин иншооти иҷтимоӣ ба масъулин изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки давлату Ҳукумат нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша ғамхории махсус зоҳир менамояд.
Дар идомаи боздид Раҷаб Аҳмадзода бо раванди сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» шинос гардид. Ба иттилои масъулин, иншоот аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар он осорхонаи Пешвои миллат, толорҳои универсалӣ, маҷлисгоҳ, толори музокирот, толори нишасти матбуотӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти зарурӣ бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд карда мешаванд.
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро ширкати «Евростройсервис» анҷом медиҳад. Зикр гардид, ки бунёди қароргоҳ дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва зеботар гардидани шаҳри Хуҷанд низ мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилоят ҳамчунин аз корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Таъкид гардид, ки аъзову фаъолони ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Роҳбари вилоят дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ суръат бахшида шуда, иншоот дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо корҳои сохтмонӣ дар Маркази савдо ва чойхонаи «Амид» шинос гардид. Масъулин иттилоъ доданд, ки бунёди чунин марказҳои хизматрасонӣ барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Гуфта шуд, ки ширкати «Амид» дар баробари бунёди марказҳои савдо ва гулгаштҳои замонавӣ, дар рушди соҳаи саноат низ саҳмгузор буда, айни замон татбиқи лоиҳаи навро дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» идома медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа бо ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ истеҳсоли обҳои ташнашикан ба роҳ монда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




