Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар партави ин сиёсати созанда дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, кӯдакистонҳо ва биноҳои иловагии мактабҳо бо суръат идома дошта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат ва саҳми соҳибкорони ватандӯст имкониятҳои нав барои рушди соҳа фароҳам оварда мешаванд. Зикр гардид, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ, ширкатҳои сохтмонӣ, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ низ дар бунёди мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Аз ҷумла, бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Марв-сохтмон» бинои нави Литсейи физикӣ-математикии рақами 1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бунёд гардида истодааст. Иншоот аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шаванд.
Ҳамчунин, корҳои омодагӣ барои бунёди бинои иловагии Гимназияи рақами 4 оғоз гардидааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-сохтмон» дар назди ин гимназия бинои иловагӣ барои 1700 хонанда дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор гирифта буд.
Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 низ идома дорад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, барои хонандагон шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, бо татбиқи лоиҳаҳои нав хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7, 11, 14 ва Гимназияи рақами 13 дар биноҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Мақсади нек» барои 650 хонанда дар як баст ва кӯдакистони хусусӣ барои 120 нафар бунёд шуда истодааст. Ҳамчунин, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистони хусусии «Ворисон» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша мактаб барои 160 хонанда ва кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд соли 2026 бунёди 91 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин 70 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва сари вақт мавриди истифода қарор додани иншоот ҷалб намуд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ бо дастгирии давлату Ҳукумат ва саҳми бахши хусусӣ нишонаи равшани татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




