Дар маҷлисгоҳи Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Раёсат, ҳайати шахсӣ, собиқадорони соҳа, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Нахуст мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Темур Тӯйчизода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар паём саҳми кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ва ислоҳу бозтарбияи маҳкумшудагон арзишманд арзёбӣ гардида, ба онҳо барои хизмати содиқона изҳори сипос ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо орзу карда шуд.
Сипас, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд зимни суханронӣ аз дастовардҳои соҳа ёдовар шуда, таъкид кард, ки имрӯз фаъолияти мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ислоҳу тарбияи маҳкумшудагон, омӯзонидани касбу ҳунар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва омода намудани онҳо барои бозгашт ба зиндагии мустақилона дар ҷомеа равона шудааст.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии соҳа такмил ёфта, аз ҷумла соли 2022 низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолият мусоидат намуд.
Таъкид шуд, ки кормандони Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд низ вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, барои ислоҳи маҳкумшудагон, пешгирии такрори ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъол бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба чанде аз кормандон рутбаҳои навбатӣ супорида шуд. Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




