Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раиси Шӯрои директорони ширкати «Antaike Information & Technology Co., Ltd»-и шаҳри Пекин

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо муовини ректори Институти илмӣ-таҳқиқотии металлургияи ранга ва иқтисод, раиси Шӯрои директорони ширкати «Antaike Information & Technology Co., Ltd»-и шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Тсян баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва бунёди парки саноатии кӯҳӣ-металлургӣ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки сафари ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба вилояти Суғд дар ҷавоб ба сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва соҳибкорони вилоят ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки аз 12 то 18 июли соли равон сурат гирифта, ҳадафи он муаррифии имкониятҳои иқтисодии вилоят, ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ буд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чинро муносибатҳои неки дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии фарогир ба ҳам мепайванданд. Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои ду кишвар рушд карда, барои густариши робитаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зикр шуд, ки вилояти Суғд ҳамчун минтақаи муҳими саноатии мамлакат дар таҳкими ин ҳамкориҳои судманд нақши назаррас дорад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда рушди саноат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии вилоят маҳсуб ёфта, амалисозии лоиҳаи бунёди парки саноатии кӯҳӣ-металлургӣ аҳамияти стратегии калон дорад.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки таъсиси чунин парки муосири саноатӣ барои ҷойгир намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияҳои пешрафта, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии минтақа имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар навбати худ Сун Тсян изҳор дошт, ки бизнес-форум ва мулоқотҳои соҳибкорони Суғду Чин (B2B), ки зимни сафари ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, имконият фароҳам овард, то соҳибкорону сармоягузорони чинӣ бо иқтидор ва имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғд аз наздик шинос шаванд. Ӯ таъкид кард, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ва иҷрои созишномаҳои байниҳукуматӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои нави муштарак, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди истеҳсолу коркарди металлҳои ранга, аз ҷумла тилло ва нуқра, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки имрӯз дар вилоят соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия, ангишт, мошинсозӣ, нассоҷӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо суръат рушд доранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамасола ба иқтисодиёти вилояти Суғд сармояҳои назаррас ҷалб гардида, даҳҳо корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолияти бомуваффақият доранд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак, аз ҷумла бунёди парки саноатии кӯҳӣ-металлургӣ, ба саноатикунонии босуръати вилояти Суғд, ҷалби сармояи бештар ва рушди устувори иқтисодиёти минтақа мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд