Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи асосии даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои роҳсозӣ, риояи талаботи меъёрҳои техникӣ ва анҷоми саривақтии корҳо дастуру супоришҳо дод.
Тибқи иттилои масъулон корҳои мумфаршкунӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида, пудратчии иншоот ҶДММ «Ваҳдат-2018» мебошад. Барои иҷрои корҳои роҳсозӣ 14 адад техника ва 28 нафар мутахассис сафарбар шудаанд.
Масоҳати умумии роҳи мумфаршшаванда беш аз 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимни боздид таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд баҳри таъмири роҳҳо тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд наздик ба 1100 километр роҳ таъмиру таҷдид гардидааст. Аз ин ҳисоб 189,2 километр таъмири асосӣ, 538,4 километр таъмири ҷорӣ ва 355,8 километр роҳ шағалпӯш карда шудааст.
Мумфарш гардидани роҳи даромадгоҳи "Наврӯзгоҳ" идомаи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ буда, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамарӯза садҳо нафар сокинон ва сайёҳон барои истироҳату фароғат ба ин мавзеъи зебоманзари соҳили дарёи Сир ташриф меоранд ва беҳтар гардидани ҳолати роҳ ба рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ низ мусоидат хоҳад намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




