Дар доираи Форуми иқтисодию тиҷоратӣ миёни доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар шаҳри Шанхай баргузор гардид, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот бо роҳбари ширкати истеҳсолкунандаи техникаи кишоварзии «Боширан» Чен Юнг, намояндаи масъули ширкати «Сони» дар минтақаи Хитойи Шарқӣ Хуан Пенфей ва роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати музофоти Анҳуй масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҳандозии шарикии дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки вилояти Суғд барои рушди ҳамкориҳо бо ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин имкониятҳои мусоид дошта, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ аз тамоми шароити зарурӣ бархӯрдор мебошад.
Дар навбати худ намояндагони ширкатҳои чинӣ омодагии худро барои оғози ҳамкориҳои судманд бо вилояти Суғд изҳор намуда, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар анҷоми мулоқот байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ширкати «Боширан», ки ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ машғул аст, Ёддошти тафоҳум (меморандуми ҳамкорӣ) ба имзо расид. Ин санад заминаи ҳуқуқиро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти таъмини бахши кишоварзии вилояти Суғд бо техника ва технологияҳои муосир, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




